Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои «Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон»-ро ифтитоҳ намуданд
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-ро, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон” бо тарҳу сохти меъмории муосир сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.
Иншооти мазкур аз 54 ҳуҷра, толори маҷлис бо 50 ҷой, толори компютерӣ бо 50 курсӣ ва 30 компютер иборат аст.
Ҳуҷраҳо ва биноҳои ёрирасони иншоот бо таҷҳизот ва лавозимоти ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй муҷаҳҳаз мебошад. Бинои меҳмонхона дорои системаи гармидиҳии алоҳида мебошад.
Бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов ва Исмоил Садиров бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Масоҳати замини меҳмонхона 10 000 метри мураббаъро ташкил дода, ба макони хуби истироҳату фароғати ҷавонони болаёқат табдил ёфтааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 бинокор аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин буданд.
Зимни шиносоӣ бо бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон” Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу намо, сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда барои ҷавонону наврасони лаёқатманд баҳои баланд доданд.
Дар истироҳатгоҳ хонандагони болаёқат имкон доранд, ки дар баробари истироҳату фароғат ба машғулиятҳои гуногун бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба машғул шаванд.
Дар майдони васеъи назди иншоот панҷ фаввора ва ду суҳбаткада бунёд гардида, ҳавлӣ бо роҳравҳои замонавӣ ва муҳити сабзу хуррам оро ёфтааст. Аз ҷумла, дар атрофи бино зиёда аз 120 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст. Рӯ ба рӯи бино нуқтаи фароғат барои 40 нафар бунёд карда шудааст.
Ҳангоми суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро ба истифодаи самараноки иншоот ва ҷалби ҷавонону наврасони лаёқатманди кишвар ва дастгирию ҳавасмангардонии онҳо ҳидоят намуданд.
Насби чароғҳои замонавии равшанидиҳандаи иншооти мазкур дар шабонгаҳ симои бинои навро куллан тағйир дода, ин ҷоро зебою назаррабо менамояд.
“Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон”, ки барои ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, туҳфаи арзанда барои насли ояндасози миллат номида шуд.
Дар толори истироҳатгоҳи лаёқатмандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ наврасону ҷавонони лаёқатманди кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи маркази муосири фароғатиро боз як ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли ояндасози кишвар арзёбӣ намуданд.
Президенти кишвар вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, дастгирии ин бахш, беҳтарсозии сифати таълиму тарбия, дастрасии хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва таъмини ташаккули ҷаҳонбинии онҳо андешаронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ наврасону ҷавонон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо, таъмини шароити беҳтарини илмомӯзӣ ва ғамхории падарона изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар фароварди мулоқот ба 50 нафар ҷавони хуштолеъ туҳфаҳои арзандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ