image

Асари таърихии Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» бо забони кореягӣ тарҷума ва нашр шуд

date_range08.09.2024, 15:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye233

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйнамоии асари таърихии Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки бо забони кореягӣ тарҷума шудааст, дар он олимону донишмандони тоҷик ва масъулини Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ карданд.

Асари Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» аз ҷониби Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024 дар шаҳри Сеул барои хонандагони Корея ба нашр расид.

Ҳадаф аз тарҷумаи нашри асари безаволи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохти таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик ба ҷомеаи Ҷумҳурии Корея арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки таҷрибаи таърихии аксар давлату халқиятҳо собит намудааст, ки беназардошти арзишҳои волои гузаштаи хеш ва истифодаи он наметавон дар ин роҳ муваффақ шуд. Аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи гузаштаи сарзамини хеш рӯ овардан, далел бар он аст, ки миллати тоҷик дар фарози таърихи хеле волову бузурге дошт ва барои тамаддунҳои мухталиф хидматҳое шоёне гардидааст.

Зикр шуд, ки Осори таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмамолӣ Раҳмон аҳамияти бузургӣ илмӣ дошта, дар он масоили мубрами таърихи халқи тоҷик ба таври мушаххас дар асоси таҳлили сарчашмаҳои муътамади таърихӣ инъикос карда шудааст.

Аз ҷумла, китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар баробари асари тоҷикони акадек Бобоҷон Ғафуров яке аз асарҳои пурарзише мебошад, ки дар он марҳилаҳои сарнавиштсози таърихи ниёгон инъикос ёфтааст. Имрӯз ин асари безаволи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари чаҳон ҳамовозӣ пайдо карда, дар баробари аҳамияти таърихӣ, хештаншиносӣ, тарбияи инсони комил, роҳнамои ҷавонону наврасон ба гузаштаи ниёгон инчунин аҳамияти бузурги дипломатиро низ касб намудааст.

Тарҷума ва таълифи шоҳасари безаволи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забонҳои хориҷӣ ин гувоҳи он аст, ки бори ҷаҳониён аз таъриху тамадун ва давлатдории тоҷикон дар фарозои таърих ошноӣ пайдо мекунанд, ки ин ҳам боз қадами навбатӣ дар роҳи шинохти миллати тоҷик тавассути тарҷума ва осори таърихии Пешвои миллат аз ҷониби ҷаҳониён мебошад.

Гулова Сарвиноз

"ТВ Душанбе"