image

Баргузории ҷаласаи корӣ бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе

date_range11.09.2024, 10:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye116

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани иҷрои карори Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 12 июли соли 2024, "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм" вобаста ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, инчунин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми содирот ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳаммадзода ҷаласа бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар раванди мулоқот масъулини сохторҳои ноҳиявӣ дар бахши саноат ва энергетика, соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибмулкон ширкат намуданд.

Дар ҷаласа доир ба баланд бардоштани ҳаҷми содирот аз ҳисоби корхонаҳои тавлидотии ҳудуди шаҳри Душанбе, беҳтар намудани раванди истеҳсолот дар корхонаҳои пойтахт ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолӣ дар бозори ҷаҳонӣ таҳлилу баррасиҳои амиқ сурат гирифт.

Зимни мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе нигарони аз фаъолияти номунтазами бархе аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе карда, ба роҳбарони корхонаҳои пойтахт дастуру супоришҳои судманд доданд то дар мудати кӯтоҳ фаъолитро аз пештара дида ҷонок намоянд ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"