image

Боздиди ҳайати меҳмонони ИДМ аз Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

date_range11.09.2024, 10:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye132

Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкорӣ бо Бунёди байни давлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ аз 3 то 10 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Мактаби илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи "Ҳамкории мутақобилаи системаҳои миллии таълимии кишварҳои ИДМ ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои ИДМ" чорабиниҳои гуногун баргузор гардид. Дар ин замина ҳайати меҳмонон дар доираи сафари хеш аз шарту шароити Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дидан карданд.

Сипас дар толори муассиса масъулини Коллеҷ меҳмононро истиқбол намуда, фаъолияти муассисаи таълимӣ тариқи рӯнамо муаррифӣ гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишварҳои узви ИДМ арзёбӣ гардида, ҷиҳати иштирок ва суханронӣ дар он коршиносони хориҷии соҳа дар ҳайати умумии 25 нафар аз кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон даъват гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе айни замон 1000 донишҷӯ таҳсили илм менамояд. Ин муассисаи таълими дар ҳоли ҳозир бо зиёда аз 10 муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷи кишвар аз қабили Ҷумҳурии Мардумии Чин, Узбекистон, Қазоқистон Федератсияи Россия Ҳиндӯстон ва дигарон табодули ҳамкори дошта донишҷӯёни Колеҷи мазкур тариқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар коллеҷу донишкадаҳои ин кишварҳо таҳсили илм менамоянд. Роҳбарияти ин муассисаи таълими нақша дорад, ки ҳамкориро бо дигар муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар дар оянда ба роҳ монад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин муассисаи таълимӣ устодони ботаҷриба ба таълимгирандагон аз рӯйи 15 ихтисос дарс мегӯянд. Самти фаъолияти коллеҷ бошад омода кардани мутахассисони омӯзгорӣ ва муҳандисӣ мебошад.

Ҳамзамон меҳмонон дар идомаи боздиди хеш аз озмоишгоҳҳои химия, физика, маркази технологияҳои рақамӣ, ошпаз-қаннод ва устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолии мошинсозӣ ва нақлиёти автомобилии Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ дидан намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"