image

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур ҳафтаи “Бозёфт” шуруъ гардид

date_range17.09.2024, 09:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye95

Бо мақсади ҷалби бештари хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун, дарёфти хонандагони лаёқатманд ва муаррифии истеъдодҳои нав шӯруъ аз 16-ум то 21-юми сентябри соли равон Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” таҳти унвони Ҳафтаи “Бозёфт” қабули хонандагонро ташкил ва баргузор намуд.

Дар ин рӯз қабули хонандагон ба муассиса аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ, ҷалб карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба эълон гардидани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи забономӯзӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии хонандагони болаёқат соли дуюм аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сартосари ҷумҳурӣ Ҳафтаи "Бозёфт" эълон карда мешавад.

Инчунин, Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур" дар доираи Ҳафтаи "Бозёфт" як қатор тренингу семинарҳои омӯзишӣ низ баргузор менамояд.

Ҳадаф аз баргузории иқдоми мазкур ғолибияти бештари хонандагон дар олимпиадаҳо, дастгирӣ ва рушди хонандагони боистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ, ҷалби наврсону ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди илҳои табиӣ-риёзӣ равона карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” омӯзгорони пешқадаму ботаҷриба, масъулиятноку донишманд ва ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷалб гардидаанд.

Ба назар мерасад, ки бештари хонандагони фаъол дар ташаббуси гирифташудаи Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” ширкат варзида, донишу маҳорати худро санҷида, ба таҳсил фаро гирифта шуда истодаанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"