image

Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар Осорхонаи миллӣ

date_range18.09.2024, 10:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye131

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-вобаста ба шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи миллӣ дар соли 2024 намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” баргузор мегардад.

Зимни баромадҳо ташкилкунандагон ҳадаф аз баргузории намоиши ҷумҳуриявии “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик”-ро пеш аз ҳама дар амал тадбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи ҳунарҳои миллии халқи тоҷик ба қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёби карданд. Ба иттилоъи масъулин намоиши мазкур бо мақсади оммавигардонӣ ва ташвиқи ҳунарҳои мардумии ниёгон, моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб низ дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ баргузор карда хохад шуд.

Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимаи миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳри Душанбе ба монанди, мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар намоиш намояндагони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе, инчунин доираи васеи сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ иштирок намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"