image

«Забон-омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст». Ҷашни Рӯзи забони давлатӣ дар н.Фирдавсӣ

date_range25.09.2024, 10:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye123

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми октябр дар саросари кишвар таҷлил мегардад, дар толори мақомот бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандону фаъолони ноҳия ҳамоиш доир гардид.

Чорабиниро нахуст роҳбарияти ноҳия ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ табрику шодбош гуфт.

Мавсуф қайд намуд, ки 15 сол муқаддам, яъне 5-уми октябри соли 2009 бо назардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарват, ифтихор ва рӯйи сурху сари баланди мо-тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад. Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Дар идома намояндаи Вазорати фарҳанг ба сухан баромада зикр намуд, ки бузургдошти забони модарӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бузургдории давлатдории миллӣ ва пойдории арзишҳои ҳувиятсозии миллӣ дар назариёти сиёсӣ ва сабки давлатдории Пешвои миллат аз аҳамияти бағоят муҳим бархурдор аст.

Маърӯзачиён таъкид карданд, ки бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззоб осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"