Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба муносибати "Рӯзи забон" ва "Рӯзи омӯзгор" чорабинии маърифатӣ ташкил шуд
Дар чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ намояндагон аз МИҲД дар н.Шоҳмансур, собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорон ва фаъолони н.Шоҳмансур иштирок намуданд. Намояндаи Мақомоти МИҲД-и н.Шоҳмансур аҳли толорро бо ин ду иди фархундаи кишвар таҳният гуфта, иброз доштанд, ки омӯзиши забони модарӣ аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад ва пеш аз ҳама аз падару модар ва омӯзгор ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон дар тарбияи наслҳо тақозо дорад. Дар тарбияи забономӯзии кӯдакону ҷавонон, ки синни хеле хуби рушди малакаҳои зеҳнист, бояд падару модарон ва албатта омӯзгорон масъулияти баланд дошта бошанд. Ва ба ин васила ба насли оянда эҳтироми забони қадимаю бои аҷдодиамонро омӯзонанд.
Зимни баромади дигари иштирокчиён қайд карда шуд, ки Забон хишти аввалини кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Аз ин рӯ, ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, забони модариро ба фарзандони худ омӯзонем, зеро забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нигоҳдорандаи миллат дар арсаи байналмиаллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, нисбати забони тоҷикӣ дар кишвар ва берун аз он шахрвандон эҳтироми хоса доранд ва онро пос медоранд. Гуфта шуд, ки дар донистани забони модарӣ масъулияти падару модар, бахусус масъулияти модаронро бояд боло бурд. Кӯдак сухани нахустинро аз модар меомӯзад ва ҳамеша ба кӯмаку роҳнамоии модар ҳамчун мураббии худ ниёз дорад. Дар ин баробар омӯзгорон низ дар ин самт нақши босазо доранд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи МИҲД-и н.Шоҳмансур ба маорифчиёни фаъоли ноҳия Нишони Аълочии маориф тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф аз номи МҲД-и н.Шоҳмансур, Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ва КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур ифтихорномаҳо тақдим гардид. Дар охири чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди аҳли толор гардид, ки писанди ширкатдорони чорабинии тантанавӣ шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ