Ба муносибати Рӯзи омӯзгор дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоши тантанавии идона созмон дода шуд
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи муассисаҳои навбунёд дар шаҳри Душанбе буда, имсол макони чорабинии тантанавии ноҳия ба муносибати Рӯзи омӯзгор интихоб гардидааст. Ҳамоиш бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ва сохторҳои он дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бадеӣ созмон дода шуд.
Ба таъкиди намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Фирдавсӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дошта, нақши омӯзгор дар радифи намояндагони дигар касбу пешаҳо барои то ба имрӯзу ин сатҳ расидани миллати тоҷик басо бузург аст ва ояндаи неки ҷомеа ба пешравӣ ва рушду такомули соҳаи маориф пайванди ногусастание дорад.
Дар раванди чорабинӣ ҳамзамон масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баромад намуда, доир ба аҳмияти ин сана ва дастгирии омӯзгорону соҳаи маориф аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе андешаронӣ намуд.
Дар раванди чорабинии маърифативу фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор дар вазъияти тантнавӣ ба як қатор омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф тақдим карда шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ