image

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд

date_range03.10.2024, 11:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye101

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи “Забон-рукни муҳими давлатдории миллӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ оғоз ёфт. Қайд гардид, ки масъалаи ҳифзи забон ва арҷгузорӣ ба волоияти он аз умдатарин омилҳое маҳсуб меёбад, ки аз меҳру муҳаббат ва дӯст доштани он аз ҷониби соҳибзабонон сарчашма мегирад. Ҳар фарди ҷомеа, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, ҳангоми суханронӣ аз ин сарвати сарвати бебаҳо бояд чунон истифода барад, ки сомеъ аз гуфтори ӯ як ҷаҳон маънӣ бардорад. Зеро забонро беҳуда воситаи муҳими мубодилаи афкор дар ҷоема нашумурдаанд. Чунону Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” қайд намудаанд, “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеа ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.”

Устодони дигари донишгоҳ вобаста ба мавзӯи “Забон ва Истиқлол” баромад намуда, қайд кард, ки забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Яке аз муҳимтарин дастовард дар ин роҳ он аст, ки солҳои охир сафи хушсаводон, ба вижа сафи онҳое, ки забони адабии имрӯзаи тоҷикро арҷгузорӣ менамоянд, рӯз то рӯз афзуда истодааст.

Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ масъалаи муассирии забони тоҷикӣ дар рушди забонҳои минтақа баррасӣ гардид.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"