Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Дипломатияи варзишӣ»
Волоҳазрат, муҳтарам Раиси иҷлосия,
Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Қабл аз ҳама мехоҳам ба Волоҳазрат Амир, Ҳукумат ва мардуми Давлати Қатар барои пазироии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё арзи сипос намоям.
Ташаббуси баргузории ин Нишаст таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ”, бо дарназардошти аҳамияти он ҳамчун платформаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, қобили қадрдонист.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушду тавсеаи робитаҳои мустақими судманд бо кишварҳои минтақа дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ, ки дар чаҳорчуби Муколамаи ҳамкории Осиё муайян шудаанд, ҳавасманд мебошад.
Дар ин замина кишвари мо, аз ҷумла ба масоили рушди варзиш, ташаккули заминаҳои инфрасохтории он, тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи насли ҷавон дар ин рӯҳия таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Боиси зикр аст, ки моҳи майи (7) соли равон бо иттифоқи оро қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул гардид.
Бар асоси ин санад, ки дар заминаи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Либия қабул карда шуд, 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардида, ҳамасола дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил хоҳад шуд.
Мо бар ин боварем, ки кишварҳои минтақаи Осиёро, бо дарназардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои бойи худ, мебояд, то ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллиашон, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Тоҷикистон маҳз ба мақсади пайгирии ин ҳадаф моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, як намуди варзиши миллии мардуми тоҷикро баргузор намуд, ки дар он варзишгарон аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, мехоҳам ёдовар шавам, ки имрӯзҳо (2-6 октябр) дар пойтахти Тоҷикистон Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ҷараён дорад.
Густариши иқдомот ва ибтикороти гуногунҷанбаи кишварҳои мо, бешубҳа, ба ғояи асосии Муколамаи ҳамкорӣ оид ба баланд бардоштани нуфузу эътибори Осиё дар арсаи байналмилалӣ тавассути муаррифии он ҳамчун минтақае, ки бартариятҳои худро баҳри мусоидат ба рушди глобалӣ истифода менамояд, созгор мебошад.
Дар ин радиф, кишвари мо “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмӯъ заминаи муносиб барои иҷрои Дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад.
Аз ин рӯ, кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкориро зарур аст, то ба масоили баргузории пайвастаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷалби бештари ҷавонони минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, омодааст, то дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё оид ба куҳнавардӣ (альпинизм), қаиқронӣ дар дарёҳо ва амсоли онҳо мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баргузор созад.
Пешниҳод дорем, ки ба мақсади тақвияти раванди табодули таҷрибаи пешқадам ва коркарди чорабиниҳои муштараки варзишӣ байни бошишгоҳҳои варзишии кишварҳои узви Муколама тамосҳои кории доимӣ барқарор карда шаванд.
Ҳозирини муҳтарам,
Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба яке аз падидаҳои ташвишовари замони муосир – имконияти гаравидани ҷавонон ба терроризм ва ифротгароӣ ҷалб намоям.
Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз василаҳои гуногун бештар ин бахши ҷомеаро ба узвияти худ ва фаъолиятҳои тахрибкорона ҷалб мекунанд.
Ин зуҳуроти номатлуб барои амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ гардидааст.
Итминон дорам, ки рушди ҳамкориҳои мо дар соҳаи варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин раванд, дар баробари тадбирҳои дигари мубориза бо терроризм, метавонад монеаи боэътимод дар ин самт бошад.
Кишварҳои моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми воситаҳо ва абзорҳои мавҷуда барои пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба вартаи терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ ҳамкориҳоро боз ҳам пурзӯр намоянд.
Дӯстони гиромӣ,
Мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва баробариву ҳаёти осоишта дар паҳнои Осиё яке аз ҳадафҳои асосии Муколамаи моро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, имрӯзҳо аз нав шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна ба мушоҳида мерасад, ки оқибатҳои фоҷеаборро ба бор меорад.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ягона роҳи ҳалли ҳамагуна ихтилофот ва низоъҳоро танҳо дар роҳандозии музокирот ва истифодаи муассир аз воситаҳои сиёсиву дипломатӣ мебинад.
Дар баробари ин, зарурати риояи қонунгузории байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, щамчунин иҷрои қарорҳои ин созмони ҷаҳониро ҷиҳати таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 таъкид мекунем.
Аз ҳамаи ҷонибҳои даргир даъват ба амал меорем, ки аз истифодаи воситаҳои зӯроварӣ худдорӣ карда, ҷиҳати эҳёи субот и амнияти пойдор дар Ховари Миёна иқдомҳои воқеии фавриро рӯйи кор бигиранд.
Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш,
Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки якҷо бо кишварҳои аъзо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои асосии Муколама минбаъд ҳам талошҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳад.
Вобаста ба ин, масъалаҳои коҳиш додани сатҳи фақр, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ, ҳамзамон вусъат бахшидан ба раванди ҳамкорӣ миёни кишварҳои қитъа дар маркази таваҷҷуҳи доимии кишвари мо қарор доранд.
Дар хотима мехоҳам Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Эронро бо анҷоми муваффақи раёсат дар Муколамаи ҳамкории Осиё табрик бигӯям.
Ба Подшоҳии Таиланд дар иртибот ба қабули раёсат дар Муколама комёбӣ мехоҳам.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ