image

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ XXI МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

date_range04.10.2024, 10:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye98

Дар кори иҷлосияи 21-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.   

Нахуст вакилон рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 «Дар бораи Стратегияи рушди ғизои мактабӣ дар ҶТ барои то давраи соли 2027»ро дар ноҳияи Фирдавсӣ баррасӣ намуданд. Зимни муҳокимаи масъала қайд шуд, ки ҷиҳати таъмини ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ бояд чораву тадбирҳои судманд амалӣ карда шавад. Дар ин замина масъулин вазифадор шуднд, ки раванди иҷрои муқаррароти ин санадро ба пурраги таъмин намоянд.

Дар ҷараёни кори иҷлосияи 21-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ ҳамзамон масъалаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010 «Дар бораи консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2025» дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳлилу баррасӣ гардид. Иттило дода шуд, ки дар ин замина дар миқёси ноҳияи Фирдавсӣ чораву тадбирҳои судманд амалӣ шуда, кори идоракии фонди манзил дар шаҳраку маҳаллаҳо беҳтар гардидааст ва ин раванд ба таври зарурӣ идома дорад.

Масъалаи дигаре, ки дар ҷараёни кори иҷлосия мавриди баррасқарор дода шуд ин таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶТ барои солҳои 2021-2025» дар ноҳияи Фирдавсӣ мебошад. Тавре дар раванди баррасии масъалаи мавриди назар иттило дода шуд бо мақсади тарбияи экологии шаҳрвандон аз тарафи сохтору мақомоти марбутаи ноҳиявӣ тадбирҳои судманд амалӣ гардидааст. Дар ин баробар дар шаҳраку маҳаллаҳо низ чорабиниҳои судманди экологӣ ташкилу роҳандозӣ гардидааст ва ин раванд марҳала ба марҳала идома дорад.