image

"Душанбе пойтахти тоҷикон ва шаҳри сулҳ". Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

date_range09.10.2024, 09:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye90

Барои даст ёфтан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳким бахшидани пояи сулҳу суботи комил дар кишвар аз як ҷониб талошу заҳмати шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад аз ҷониби дигар фаъолияти густурдаву содиқонаи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пеш аз ҳама мавриди ёдоварӣ мебошад, ки ба сифати ҳаракати ҷамъиятӣ аз замони ташкилёбӣ то ҳануз барои таҳкими субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар нақши барҷаста дорад ва ҳамчунин барои дар зери як чатр ба ҳам овардани тамоми гурӯҳҳои сиёсии кишвар рисолат дошт ва дар ин масир бо расидан ба натиҷаҳои дилхоҳу натиҷабахш фаъолияти пурсамар дорад.

Дар ин зимн Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Душанбе пойтахти тоҷикон ва шаҳри сулҳ” чорабинии сатҳи баланд баргузор кард, ки дар он муовини раиси шаҳри Душанбе, намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндаҳои вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ иштирок ва дар мавриди аҳамияти сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҷойгоҳи шаҳри Душанбе дар таҳкими пояи сулҳу осоиштагӣ ва ҳамгироии миллати тоҷик ибрози андеша карданд.

Дар идома арз шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлоии кишвар ва Ваҳдати миллӣ дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ ва хоҷагии халқ ва шароити зиндагии мардум пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад. Ин ҳама дастовардҳо ва бо суръати баланд таррақӣ намудани кишвари биҳишосоямон аз файзу баракати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ манша мегирад. Ин аст, ки имрӯз шаҳри Душанбе-пойтахти тоҷикон чун шаҳри сулҳу субот ва ҳамбастагиву ҳамгироии мардуми тоҷик ном баровардааст ва бо ободиву шукуфоӣ ва осоиштагии хеш яке аз шаҳрҳои нодир дар дунё дониста мешавад. Мушоҳидаҳо баёнгари он аст, ки симои шаҳри Душанбе лаҳза ба лаҳза аз пештара зебову ҷаззобтар гардида, дар саҳифаи таърихи кишвар пойтахт ҳамчун маркази илму фарҳанги мардуми куҳанбунёду тамаддунофар тоҷик нақш хоҳад баст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"