image

Оғози фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе

date_range09.10.2024, 10:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye130

Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ карда, рӯзҳои наздик Маркази барқу гармидиҳии № 1-и пойтахти мамлакат низ ба фаъолият оғоз менамояд ва як қисми шаҳр бо гармӣ таъмин мегардад.

Ба иттилои масъулини Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ҳоло қисме аз манбаҳои гармиистеҳсолкуннадаи пойтахт ба фаъолият оғоз намудаанд. 10 рӯз мешавад, ки Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуда, қисмати марказӣ ва шимолии пойтахт аллакай бо оби гарм таъмин мебошад. Ҳамзамон шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо неруи гармӣ муҳлати муайян зарур аст, то онҳо марҳила ба марҳила ба кор шуруъ намоянд. «Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд».

Бояд гуфт, ки дар замони муосир рушди муътадили ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир ба бунёд намудани иқтидори нав вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Ин иқдом метавонад барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъминоти пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.

Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад. Ин сатҳи таъмини аҳолии мамлакатро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд. Ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ дар таъминот бо неруи барқу гармӣ аҳамияти калон доранд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"