image

«Масоили мубрами фалсафаи муосир». Ҳамоиш доир ба фаъолияти эҷодии Мунзифа Ғаффорова

date_range09.10.2024, 10:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye79

Бо ташаббуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир ба фаъолияти эҷодии доктори илмҳои фалсафа, собиқ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санътаи Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масоили мубрами фалсафаи муосир» баргузор шуд.

Дар кори Ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ зери унвони «Масоили мубрами фалсафаи муосир», ки бо ташаббуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар ин боргоҳи илм ва ҳунар доир ба фаъолияти эҷодии доктори илмҳои фалсафа, аввлаин ректори донишкада Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна доир гардид, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дӯстон ҳамкорон ва пайвандони ходими давлатӣ иштирок намуданд.

Зимни маъруза иштирокчиён изҳор доштанд, ки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Ғаффорова Мунзифа аз соли 1952 баъди дохил шудан ба зинаи аспирантураи шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз меёбад. Соли 1955 дар кафедари марксизм-ленинизми Донишкадаи омӯзгории занонаи шаҳри Душанбе ва баъди якҷояшавии Донишкадаи номбурда бо Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченко то соли 1962 ба ҳайси дотсенти кафедраи мазкур адои вазифа намуда, аз соли 1962 то соли 1974 вазифаи мудирии кафедраро ба уҳда дошт. Солҳои 1974-1979 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санътаи Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва солҳои 1979-1988 дар вазифаи ректори Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Шевченко кор кардааст.

Барои хизматҳои шоён дар инкишофи илми фалсафа ва омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар кишвар соли 1974 ба унвони «Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон» мушарраф гаштааст. Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна зиёда аз 200 кори илмӣ ва илмию методӣ: монографияҳо, китоҳои дарсӣ, мақолаҳо таълиф намуда, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба нашр расонидааст, ки ҳоло марвиди истифода қарор доранд.

Таҳти роҳбарии муаллима 14 нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро ҳимоя намудаанд. Мавриди зикр аст, ки мавзуи асосии таҳқиқотҳои ин олими маъруфро «Ташаккул ва инкишофи симои маънавии занони Шарқ» ташкил медиҳад. Ӯ дар чандин конфронсу симпозиумҳо ва конгрессҳои байналмилалии файласуфон бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуда, сазовори баҳои баланд ва эътирофи умум гардидааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"