image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

date_range09.10.2024, 08:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye57
Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам Раҳим ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа таъмини дастуру супоришҳо ва иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода гардидани заминҳои кишоварзӣ, таъмини рафти кишти тирамоҳӣ, ҷамъоварии ҳосили кишти такрорӣ ва инчунин иҷрои саривақтии супоришҳои гуруҳи кори оид ба дақиқсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки шурӯъ аз санаи 09 октябри соли 2024 ба кори худ оғоз менамояд, баррасӣ гардид.
Дар фарҷом муовини Раиси шаҳр Фақерзода Рустам вобаста ба ислоҳи камбудиҳо ва иҷрои дастуру ҳидоятҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.