image

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко

date_range10.10.2024, 11:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye120
Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи пленарии Форуми 8-уми байнипарламентии “Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ” Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманд байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, ҳам дар доираи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Роҷеъ ба аҳаммият ва нақши муколамаи доимии байнидавлатӣ ва раванди имрӯзаи густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия ҳавасмандӣ зоҳир намуда, ин раванд ба сатҳи шарикии стратегӣ мувофиқ арзёбӣ гардид.
Бештар фаъол гардонидани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ аз масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дониста шуд.
Ҷонибҳо фаъолияти назарраси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, инчунин натиҷаҳои татбиқи босамари қарорҳои онро ба хотири манфиатҳои мардуми ду давлатро муҳим арзёбӣ намуданд.