image

Иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» 

date_range10.10.2024, 11:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye131

Бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, ҷаласаи пленарии Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» доир гардид.

Дар форум самтҳои калидии стратегии ҳамкории ду давлат, инчунин доираи асосии ҳамкории байнипарламентӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба ин чорабинӣ чун воситаи муассири густариши ҳамкорӣ аҳамияти хосса зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни форум мавзуъҳо вобаста ба бахшҳои ҳамкорӣ- робитаи тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ-гуманитарии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуданд.