image

Иттилоъ дар бораи баргузории Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

date_range11.10.2024, 12:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye165
Имрӯз дар бинои Парламенти мамлакат бо ибтикори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии байнпарламентӣ бахшида ба санаи фархундаи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомал иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори Конфренсияи байналмилалӣ ҳамчунин роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломи Эрони штирок намуданд.
Дар оғози суханронии худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонони олиқадри Конференсия ва ҳайатҳои воломақоми парламентҳои кишварҳои хориҷиро ба Тоҷикистон, хайрамақдам гуфтанд.
Зикр гардид, ки нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати ояндасози миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайванди он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзиманфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.
Қабули Санади олии мамлакат арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар марҳилаи нави инкишофи он ба шумор рафта, натиҷаи саъю талошҳои бисёрсолаи ҷомеаи мардумпарвар ва адолатпеша дар масири рушду пешрафти худ ва муаррифии кишвари мо баоламиён мебошад.
Дар идома, муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар баробари тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон дар саргаҳи пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дошта, ташаббускори қабули нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар — Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи эъмори давлатдории навини Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он алоҳида таъкид сохта, зикр намуданд, ки «Сарвари кишвар бо хиради воло, иродаи қавӣ, шуҷоату далерии бемисл ва бо қадамҳои қатъии хеш ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшид, давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот дода, барои таъмини сулҳу субот, рушду бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми бузург гузошт».
Дар идомаи Конференсия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода, роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва собиқ вакили Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум ва Маҷлиси Олӣ даъвати якум Рафиқа Мусоева суханронӣ намуданд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ кори Конференсияи байналмилалии байнипарламентии таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар чор бахши алоҳида дар доираи мавзӯъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», «Конститутсия заминаи асосии рушди босуботи давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсия ва ҷавонон» идома дода шуд.
Дар ин бахшҳо аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ҳайатҳои парламентӣ, мақомоти судӣ, ҳокимияти иҷроияи марказӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ доир ба нақш ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рушди босуботи давлатдории миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои занон дар ҷомеа ва аҳамияти Конститутсия дар рушду такомули ҷавонони кишвари соҳибистиқлол маърӯза ва табодули афкор намуданд.
Бо ҳамин Конференсияи байналмилалиибайнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ анҷом бахшид.
Лозим ба ёдоварист, ки шаҳри Душанбе ҳамчун қалби Тоҷикистони азиз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо рушду пешрафти худ шинохта гардидааст.
Маҳз бо ибтикори бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида, барои боз ҳам муаррифӣ намуданиТоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ нақшимуаасир хоҳанд гузошт.