image

Боздиди муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва ҳайати парлумонӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ 

date_range11.10.2024, 18:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye239

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд. 

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ ба хотири ташрифи роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии 10 кишвари дунё ба Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза ва маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла нону кулчаҳои гуногуни кадбонуҳои ҳунарманд, пешкаши меҳмонон гардид.