image

Ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

date_range15.10.2024, 10:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye60

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ширкат карданд.

Нахуст ҷаласаро Фарҳод Раҳимӣ раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дастгириву ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа сухан гуфт.

Зикр гардид, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Дар идома роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикисон дар соли 2024, чораҳои амлишуда дар самти татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.

Дар ҷаласа директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қайд кард, ки дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мову шумо маҳсуб меёбад.

Дар масъалаҳои ҷории ҷаласа таклифу пешниҳодот ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Шуро ироа шуда, барои дар муҳлати муаяйн амалӣ шудани он дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.

"Валиҷон Шарифзода
ТВ Душанбе"