image

Омодагии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе барои зимистони солҳои 2024-2025

date_range17.10.2024, 10:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye129

Дар доираи Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақшачорабиниҳои тасдиқгардида корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Иҷрои саривақтии нақша, ҷалби мутахассисони соҳа ва фаъолияти самарабахши масъулини Раёсат имкон фароҳам намудааст, ки ҳоло ин сохторҳои коммуналӣ пурра барои мавсими зимистон омода буда, шароити зарурии кору фаъолият барои кормандон дар мавсим муҳайё гардидааст. Комисияи шаҳрӣ бо роҳбарии муовинони Раиси шаҳри Душанбе Фирдавси Саидзода ва Толиб Раҳимзода, инчунин намояндагони сохторҳои дигари марбута ҳолати омодагии ин муассисаи коммуналиро азназар гузарониданд. Барои фаъолияти самараноки техникаи комуналии дар тавозуни раёсат буда 25 700 литр сӯзишвории дизелӣ, 2800 литр бензин ва ба миқдори зарурӣ равғанҳои молиданӣ захира гардидааст, ки аз нақша пешбинигардида зиёд мебошад. Дар анборҳои муассиса инчунин мувофиқ ба нақшачорабиниҳои зимистонгузаронӣ пойавзол, либоси гарм, қисмҳои эҳтиётии техникаи комуналӣ ва дигар навъи маҳсулоти барои зимистонгузаронӣ зарурӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Тоза намудани роҳҳои ҳудуди шаҳр дар фасли зимистон аз барф ва таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ тавассути техникаҳои коммуналии соҳавӣ анҷом дода мешавад.

Автомашинаи партовкашонӣ, барфрӯбӣ, нақлиёту механизмҳои боркаш, хизматӣ, махсус ва борбардор дар ҳолати омодабош қарор доранд. Қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёти соҳавӣ, сӯзишиворӣ ва маводи дигари зарурӣ низ дар анборҳои Раёсат захира гардидааст. Ҳоло масъулини соҳа талошбарон доранд, ки бештар ба техникаҳои соҳавӣ таваҷҷуҳ намуда, фаъолияти мунтазами онҳоро дар мавсим таъмин намоянд. Иттило дода шуд, ки кор дар ин самт мувоиқи мақсад ба роҳ монда шудааст.

Ташкили чунин корҳои санҷишии техникаҳои коммуналӣ ва омодасозии пурраи онҳо барои мавсим ҳадафаш пеш аз ҳама гузаронидани бемушкили фасли зимистон будааст. Тавре маълум гардид, омодагии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе беҳтар буда, нишондоди нақша пурра иҷро гардидааст.

Иҷрои корҳои нақшавӣ дар корхонаву ташкилоти шаҳрӣ дар сатҳи зарурӣ бояд амалӣ шавад. Аз ин лиҳоз комисссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам тадбирҳои санҷиширо роҳандозӣ менамоянд. Дар идома фаъолияти комиссия раванди омодагии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Дар анборҳои муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ мувофиқи нақша намаки техникӣ захира карда шудааст, ки аз нақша зиёд буда, барои дар ҳолати хуб нигоҳдории роҳҳои ҳудуди ноҳия ва таъмини мунтазаму муназзами воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию шахсӣ дар рӯзҳои боришоти мавсими сармо истифода бурда мешавад. Вазъи нигоҳдошти техникаҳои комуналӣ дар Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ ҷавобгуи талабот буда, ҳама техника дар долонҳои болопӯшида нигоҳдорӣ карда мешавад, ки ин кафолати ба муҳлати бештар фаъолиятнамудани техникаҳо ба шумор меравад.

Дар самти захираи воситаҳои ёрирасон ва қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт низ дар ин Раёсат кор беҳтар ба роҳ монда шудааст. Аъзои гурӯҳи корӣ ҳама паҳлуи фаъолияти омодагии ин Раёсатро аз назар гузаронида, ба масъулин барои иҷрои пурраи нақша баҳои баланд доданд. Роҳбарияти Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои беҳсозии шароити майишии кормандони Раёсат дар фасли зимистон низ татбирҳои заруриро дар амал пиёда намудаанд. Ин имкон медиҳад, ки навбатдорон ҳамеша дар ҳолати омодабош дар дохили Раёсат қарор дошта бошанд. Зеро дар фасли змистон дар аксари маврид кори онҳо шабона сурат мегирад. Тадбирҳои андешидашудаи роҳбарият ва кормандони Раёсати истфиодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ имкон медодааст, ки дар мавсими сардиҳои табиат ҳамаи роҳҳои дар тавозуни Раёсат буда дар ҳолати хуб нигоҳ доша шавад ва ҳаминтавр ҳаракати доимӣ ва бемамониа воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ дар ҳудуди ноҳия таъмин карда мешавад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"