Баргузории Пленуми чоруми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки собиқадорон пайваста чорабиниву ҳамоишҳои маърифатӣ ташкил карда мешавад. Инчунин дар шаҳр Шӯрои собиқадорони чангу меҳнат фаъолият дорад, ки дар ташкили ҳамоишҳои гуногун саҳми назаррас дорад.
Ин навбат дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарият ва аъзои фаъоли Шӯро Плениуми чоруми он баргузор шуд.
Зимни баргузории ҳамоиш Раиси Шӯро доир ба фаъолияти он, ҷамъбасти маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷалби собиқадорон барои тарбияи насли наврас ва мавзӯҳои дигари ин самт гузориш пешниҳод намуд.
Ҳамзамон доир ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар 4 ноҳияи пойтахт низ аз ҷониби масъулин ҳисобот пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки барои омодагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд собиқадорон низ саҳми шоистаи худро гузошта, доир ба моҳияти ҷашн ва аҳимияти таърихии он бо ҷавонон мунтазам мулоқоту вохӯриҳои судмандро ташкил намоянд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ