image

Ифтитоҳи Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии "Китоби Душанбе"

date_range23.10.2024, 10:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye30

Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ноширону адибон аз кишварҳои Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Ҳидустон ва Туркманистонро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳам овардааст. Дар ин чорабинии муҳими фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ ин навбат беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китобҳои тозанашри худро дар риштаҳои адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдакона, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт барои алоқамандони китоб ба тамошо гузоштаанд.

Зимни маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, аз ҷумла таъкид дошт, Ҳукумати кишвар, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳамияти бузургу назарраси китоб дар рушди фарҳанги ҷомеа ба масъалаи нашру тавзеи китоб ва ташвиқу тарғиби ҷомеа ба мутолиа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” чун анъана аз соли 2010 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як василаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртибототи фарҳангӣ бо ноширону нависандагони кишварҳои дӯст маънидод гардид. Иброз шуд, ки ин тадбир василаи хубу муносиби табодули таҷрибаи ноширон, муаррифии китобҳои тозанашр ва дар маҷмӯъ рушди фарҳанги китобдориву китобхонӣ дар миёни ҷомеа мебошад.

Бино ба назари ҷомеашиносон осори фарҳангии ҳар миллати мутамаддин пеш аз ҳама дар китоб фароҳам буда, он донишу ҳикмат, илму маърифат ва таъриху фалсафаро ҳамчун таҷрибаи бузурги башарӣ ба хотири маърифати ҳақиқат , шинохти гузашта ва эъмори ояндаи нек аз насл ба насл интиқол медиҳад. Таҷрибаи таърихии башарият собит намудааст, ки китоб беҳтарин василаи тарбияи инсон аст ва бузургони имлу адаб ва фалсафаву ҳикмати ҷаҳон ин ҳақиқатро ба гунаҳои гуногун таъкид кардаанд.

Иқдомҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиклолии кишвар дар самти рушди фарҳанги китобдорӣ ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар миёни ҷомеа имкон додааст, ки робитаҳои кишвари мо бо давлатҳои гуногун дар ин самт таҳкиму тақвият ёбанд. Ба назари донишмандон дар баробари ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” нашру тавзеи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” ва дар ин замина роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа аз иқдомхои беназири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду тавсеаи фарҳанги миллӣ ва ҳамоҳангсозии мутолиаи китоб дар таърихи навини тоҷикон маҳсуб меёбад.

Дар доираи Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ҳамзамон ташкил ва баргузории ҳамоишу чорабиниҳо ва мулоқотҳои судманд миёни адибону ноширони кишварҳои иштирокчӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр дар назар аст. Дар ҳамин замина дар рӯзи нахустини ин чорабинии фарҳангӣ мулоқоти адбиони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тарҷума ва нашри китоб баргузор гардид. Таъкид гардид, ки ин намоишгоҳ фазо ва фурсатҳои хубу тиллоиро барои дарёфти шарикони боэътимод ҷиҳати ҳамкорӣ ва табодули китобҳои беҳтарин барои тарҷумаву нашр фароҳам меорад.