image

Дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Меҳргон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд

date_range23.10.2024, 11:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye85

Чанд рӯзи охир дар саросари кишвари азизамон Иди Меҳргон таҷлил гашта истодааст. Ин ҳам шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки мо соҳиби ҳама анъанаҳои бостонӣ будани худро собит намуда метавонем. Дар ин замина бо тасмими раёсати донишгоҳ Иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд. Намои идонаи донишгоҳ барои эҳсоси худшиносӣ муносиб буд. Дар намоишгоҳи ҷашнии донишгоҳ аз ҷониби садорати ҳамаи факултетҳо дастурхони меҳргонӣ ороста шуд. Дар ҳамаи онҳо бо расму анъанаҳои давраҳои гуногун заҳмати кишоварзу деҳқон инъикос гардидааст. Унсурҳо ва ҷузъиёти ифодакунандаи Меҳргони аҷдодӣ дар чорабинӣ ба мушоҳида расид. Аз намоишгоҳи мазкур аҳли раёсати донишгоҳ дидан намуда, ба заҳмати устодону шогирдон баҳои баланд доданд. Дар қисмати дигари чорабинӣ маҳфили илмӣ - фарҳангӣ ҷараён гирифт.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода баромад намуда, Меҳргонро рамзи муҳаббату шодмонӣ номид. Аз ҷумла таъкид гардид, ки муҳаббат, вафо, меҳр, самимият ва дигар ҷанбаҳои инсондӯстӣ моҳияти ҷашни Меҳргон мебошанд. Бо ҳама заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳое, ки эҳё гардиданд, зинда кунандаи таърихи мост – қайд гардид дар идомаи баромади масъулин.

Профессори факулети филолигияи донишгоҳ Равшан Раҳмонӣ бо такя ба асноди таърихӣ Меҳргонро ҳуҷҷате дар таърихи бостонӣ доштани халқи мо номид. Мавсуф бо такя бо “Шоҳнома”-и безавол таърихи куҳан доштани ин ҷашнро таъкид намуд. “Малико ҷашни меҳргон омад” ва “Поиз пой монда ба майдони меҳргон”-ро таъбирҳои асоснок дар мпвриди таърихи куҳан доштани ин ҷашн таъмир кард.

Таърихнигори шинохта, устоди факултети таърих Ҷонибеки Асрориён Меҳргонро рӯзи шодиву нишоти халқи заҳматкаш номида, унсурҳои онро рамзи муҳаббату меҳру сафои зиндагӣ баҳогузорӣ кард. Аз он таъкид карда шуд, ки ҷаҳон ба се нерӯ зинда мебошад: Кишоварзон, Доноён ва Ҳарбиён. Ба андешаи ӯ дар ин самт заҳмати кишоварз муқаддам ба ҳисоб рафта, омили ҳастии башар мебошад. Ҳамин тавр Меҳргон бо унсурҳои хоси худ дар ин муассисаи олии таълимӣ таҷлил гардид.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"