image

Баргузории маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Иттифоқҳои касаба

date_range24.10.2024, 10:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye137

24-октябр дар баробари таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба, як рӯйдоди муҳим дар саҳифаҳои таърихи даврони истиқлоли Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон сабт гардид. Зеро мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат муҳим ва рисолати таърихӣ дар дар даврони истиқлолияти миллӣ дорад.

Ба ин муносибат бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и ноҳияи Сино маҷлиси тантанавӣ доир шуд, ки дар кори он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва собиқадорону кормандони соҳаи маорифи пойтахт иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки бо итминон метавон гуфт, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, ҳамчун нишони қадршиносӣ ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - ҳамчун ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ, имсол бори нахӯст дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи иттифоқҳои касаба-24 октябр таҷлил мегардад. 

Бояд эътироф кард, ки дар даҳсолаи аввали Истиқлоли давлатӣ иттифоқҳои касьаи вобаста ба вазъи печида ва мураккаби сиёсӣ натавонист, ҳадафҳои худро дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», ки 12 марти соли 1992 қабул гардида бул, роҳандозӣ менамояд. Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ-Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди сонзандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон ва ба ҷашни якасраи Ташкилоти байналмилалии меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узву комилҳуқуқи он мебошад, баргузор гардид. Марҳилаи рушди иттифоқҳои касаба дар таърихи сиву як соли Истиқлоли давлатӣ маҳз аз соли 2011 сифатан оғоз ёфт.

Дар идомаи маҷлиси тантанавии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба як қатор кормандони фаъол нишони аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони соҳавии «Барои шарикии иҷтимоӣ» ва ифтихорномаи Федератсияи Иттифқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба собиқадорони соҳаи маориф ва илм ва собиқадорони иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мукофотпулиҳо супорида шуда, ба тамоми иштирокчиёни маҷлиси тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ барномаи зебои фарҳангиву консертии масъулин пешниҳоди аҳли толор гардид. Имсол дар саҳифаҳои дурахшони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон як руйдоди муҳими таърихӣ, ки он ҳам ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, бори аввал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 октябр таҷлил намудани Рӯзи иттифоқҳои касаба мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"