image

Дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конференсияи 8-уми байналмилалӣ баргузор гардид

date_range29.10.2024, 10:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye129

Бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Конференсияи 8-уми байналмилалӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти фарогир, муносибати босалоҳият дар шароити бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ” баргузор гардид. Конференсияи мазкур ба истиқболи 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони кишварро ба таҳсилоти босифат, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, забонӣ ва фарҳангии онҳо муқарар кардааст, бахшида шуд.

Дар Конференсия олимон, кормандони илмӣ ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони воҳидҳои сохторҳои Вазорати маориф ва илм методистони раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин олимон аз кишварҳои ИДМ ширкат намуданд.

Ширкатдорон оид ба ҷанбаҳои назариявию амалии татбиқи муносибати босалоҳият дар муҳити бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ, маъруза пешниҳод намуданд. Тамоми маърузаҳои олимони соҳа инъикоскунандаи паҳлуҳои муҳими муносибати босалоҳият буда, дар ин замина омӯзиши забонҳои хориҷиро дар баробари забони давлатӣ талқин мекарданд.

Маврид ба ёдоварист, ки кори Конференсия дар ду бахш “Таҳсилоти фарогир ва масъалаҳои мубрами забономӯзӣ” ва “Муносибати босалоҳият ба таҳсилоти фарогир дар шароити гуногунфарҳангӣ” идома ёфт. Дар рафти ин конфронси илмӣ аз ҷониби намояндагони кишварҳои ИДМ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод шуд.

Дар интиҳои бахши аввал барои маърӯзачиён Сипоснома аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тақдим шуд. Ҳадаф аз баргузории ин маҳфилҳои илмию маърифатӣ ин гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ҷалби бештари олимони соҳа баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои методиву таълимӣ дар самти рушди маорифи кишвар мебошад.

Аҳлинисои Шукруллоҳ
"ТВ Душанбе"