image

Пешгирии Бемории зуком (грипп)

date_range12.12.2024, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye54

Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №14-и пойтахт яке аз калонтарин муассисаҳои тандурустии пойтахт ба ҳисоб меравад, зеро минтақаҳои хизматрасонии он зиёданд: Нусратулло Махсум, Зарафшон, Испечак-1 ва 2, Зафар, Муҳамадиевҳо ва Қазоқон-2 бо шумули 105 089 нафар аҳолӣ дар зери назорати тиббии табибони МСШ №14 мебошанд. Табибон бар он мекӯшанд, то солимии одамонро таъмин намуда, хизмати босифати тиббӣ расонанд. Аз ин рӯ, мавзӯи машварати ҳаррӯзаи онҳо – ёриву табобати саривақтӣ ба беморон мебошад.

Яке аз бемориҳои сироятии маъмул дар фасли сармо зуком (грипп) мебошад ва аксарияти муроҷиаткунандагон имрӯзҳо барои табобати он ба Марказҳои тиббӣ меоянд, ки МСШ-ии №14 аз зумраи онҳост. Аслан зуком ринит, илтиҳоби луобпардаи бинӣ, бемории алоҳида аз сирояти микробҳои мухталиф ва хунукхӯрӣ мебошад. Дар натиҷаи варами луобпардаи бинӣ ё гӯлу ҳисси хушк шудани қисим болоии роҳи нафас ва сӯзиши он, ҳамчунин атсазанӣ пайдо мешавад. Баъди чанд муддат оби бинию луоб хеле зиёд мешавад ва авзои бемор тағйир ёфта, ҳарорати бадан аз 37 дараҷа баланд гашта, ҳисси шомеъа суст мешавад. Одатан баҳри пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ, махсусан зуком, ба қоидаҳои оддӣ риоя кардан зарур аст. Пӯшидани либоси мутобиқ ба мавсими сардӣ, истеъмол намудани хӯрокҳои ғизодор, машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ аз қабили чунин қоидаҳо мебошанд.

Тавре аз сӯҳбат бо мутахассисони сироятшинос маълум гардид, ҳар як бемориро пешгирӣ кардан аз аҳамият холӣ нест. Аммо вақте, ки шахс аллакай бемор шуд, тавсияҳои табибро бояд иҷро кунад: нӯшидани чойи гарм бо ширу асал, бо қиёми марминҷону қулфинай, дар вақташ истеъмол намудани доруҳо ва ғайра. Боз табибон бар он ақидаанд, ки тавассути обутоб додани организм инсон ба тағири ҳарорат, сармову гармӣ, рутубати зиёд ё ҳавои хушк одат мекунад. Танҳо дар сурати риояи дурусти тавсияҳои табибон шахс метавонад худ ва атрофиёнро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорад.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"