image

Баргузории даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд»

date_range18.12.2024, 10:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye60

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир гардид.

Маросими ҷамъбастии даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии "Беҳтарин ҳамсар" ва "Беҳтарин оилаи ҳунарманд"-ро роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин озмунҳои маърифатӣ барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, саҳми ҳамсарон дар солиму пойдор нигоҳ доштани фазои солимии оила, тарбияи фарзандони солеҳа, худшиносу худогоҳ, саҳми оилаҳои ҳунарманд дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани фарзандон, наврасону ҷавонон, нақши арзишманди оилаҳо дар ободонии маҳалли зист ва ҳамчун оилаи намунавӣ баланд бардоштани обрӯ ва эътибори хонаводаҳо мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмунҳои мазкур дар раванди амалишавии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 роҳандозӣ гардида, бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ равона гардидааст.

Дар озмун роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Рашт ширкат намуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"