image

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии МИҲД Фирдавсӣ

date_range18.12.2024, 14:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye52

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиши мазкур масъулини ноҳияи сухан карда зикр намуд, ки Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии ноҳияи Фирдавсӣ рушди ҳунармандиро дар маҳалҳо таъмин намудааст ва барои дарёфти чеҳраҳои нав, ҳунармандони касбие, ки дар хонаҳои худ фаъолият мекунанд мусоидат менамояд. Ҳамзамон дар ин зимн саҳми шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, назаррас мебошад.

Мақсади асосии фаъолияти Шӯрои мазкур ин татбики сиёсати иҷтимоию иқтисодии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, бо шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳия, бахусус занону духтарон, истифодаи самаранок ва пайваста тақвият додани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ҳамзамон дар идома қайд гардид, ки айни замон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 20 бино барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» вобаста карда шудааст, ки фаъолияти мунтазам доранд.

Бо мақсади рушду инкишоф ва зиёд намудани корхонаҳои хурди ҳунармандӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону бонувони хонашин барои дар ҷойҳои ҷамъиятии бекорхобида ташкил намудани корхонаҳои хурди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон аз 20 ҷойи ҷамъиятӣ 16 тоаш фаъолияти хурди соҳибкорӣ намуда истодаанд. Айни замон бошад 89 нафар ҳунарманд дар Муассисаи давлатии "Ҳунарҳои мардумӣ" ва 58 нафар хунармандон, оилавӣ дар хонаҳои худ фаъолият намуда истодаанд.

Сипас дар фарҷом як қатор ҳунармандони ноҳия ҷиҳати иштироки фаъолона дар чорабинихои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"