image

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

date_range19.12.2024, 11:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид.

Дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва устодони Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсия қайд карда шуд, ки таваҷҷуҳу дастгирии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи дурахшон ва рушди соҳаҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадору ояндасози ҷомеа меафзояд.

Гуфта шуд, ки қисмати асосии аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба фаъолият фаро гирифта шуда, дар ин замина ҷиҳати илмомӯзӣ ва соҳибмаърифату соҳибкасб шуданашон шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Устодон дар маърузаҳои худ ёдовар шуданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар тӯли мавҷудияти худ ин мақомоти ваколатдори давлатӣ сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ менамояд.

Дар ҷараёни конференсияи ҷумҳуриявӣ баромадкунандагон мавқеи ҷавоноро аз диду назари илмӣ доир ба татбиқи сиёсати давлатӣ, рушди хизмати давлатӣ, идеологияи миллӣ, ташаккули арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва самаранокии низоми идоракунии сиёсӣ муайян намуда, бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш таклуфу пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"