Бахшида ба «Соли маърифати экологӣ» дар ДМТ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба «Соли маърифати экологӣ» эълон гардидани соли 2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ доимо зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 таъкид намуда буданд: «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар намудану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем».
Боназардошти ин, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе “Соли маърифати экологӣ” эълон гардид. Дар тақвияти иқдоми болозикр бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи амалӣ шудани ташаббуси зикршуда дар пойтахт ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ ҳамвора корҳои бунёдкориву ободонӣ сурат гирифтанд.
Бояд гуфт, ки иқдоми “Соли маърифати экологӣ” эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, муҳим ва саривақтӣ буда, ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, аз маърифати экологӣ бархӯрдор шудани аҳолӣ, дар руҳияи маърифати экологӣ таълиму тарбия додани шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон, дӯст доштани табиат ва дар маҷмуъ боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хушнамо гардидани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе равона шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ омӯзгорони донишгоҳ дар мавзуҳои “Ҳамбастагии маърифати экологӣ бо маърифати ҳуқуқӣ”, “Маърифати экологӣ – омили асосии беҳдошти муҳити зист”, “Роҳҳои безараргардонӣ ва ҳалли мушкилоти экологии саноати химия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Хусусиятҳои иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйирёбии он” суханронӣ намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ