Ғолибони даври ноҳиявии Озмуни "Китобхонаи беҳтарин" қадрдонӣ гардиданд
Дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни «Беҳтарин китобхона» доир шуд, ки дар ҷараёни он беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ давоми моҳи декабри соли равон миёни вазорату кумита, ташкилотиу муассиса, шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Озмуни Китобхонаи беҳтарин баргузор карда шуд. Инак баъд аз хулосабарори ҳайати ҳакамон дар вазъияти тантанавӣ даври ноҳиявии озмун ҷамъбаст гардида ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулли қадрдони шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни Китобхонаи беҳтарин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ғолибони даври ноҳиявии озмун ва китобдустону китобдорон иштирок намуданд.
Озмуни ноҳиявии "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, эҳтиёт намудани китоб, китобдӯстӣ, зебоипарастӣ, завқи эстетикии хонандагон баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо ташкил карда шуд.
Пас аз хулосаи ниҳоии аъзои ҳакамон аз рӯи чор номинатся, Беҳтарин китобхонаи соҳавӣ, Беҳтарин китобхонаи оилавӣ, Беҳтарин китобхонаи идоравӣ ва беҳтарин китобхонаи оммавӣ, ки дар он 27 ташкилот муассиса ва сокинон ширкат намуданд 12 нафар сазвори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуда, ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд ва ҳамзамон ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.
Мавриди зикр аст, ки озмуни Беҳтарин китобхона бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ