image

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “ҶАЛБИ ҶОНИБҲОИ МАНФИАТДОР БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

date_range21.12.2024, 09:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6
 ш.Душанбе. 20.12.2024. Дар пойтахт бо ибтикори КВД “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба татбиқи Лоиҳаи рушди устувори шаҳри Душанбе” семинар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони вазорату идораҳо, раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, КВД-ҳо оид ба идоракунии партовҳо, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Дар оғоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед шарикон ва имштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфта, аз ташаббусҳои беназири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро дар рушди самтҳои гуногун дар пойтахт ёдовар шуданд.
Қайд гардид, ки чунин лоиҳаҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушди пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе хеле муҳим ва айни муддао мебошад.
Дар зимн директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод Лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе”-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, оиди ҳадаф ва вазифаҳои он муфассал маълумот дод.