Баргузории ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта
Дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоқикистон ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии гуруҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумита, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон», намояндагони вазорату идораҳо ва дигар роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар ҷаласа зикр шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ин самт санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбонро эътироф намудааст ва дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба таъмини ҳуқук ва манфиатҳои маъюбон арҷгузорӣ намуда, тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар ҷаласаи корӣ иштирокчиён доир ба масоли чораҳои андешидашуда вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта дар доираи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, гузаронидани чорабиниҳои бо мақсади маълумотнокии аҳолӣ оид ба Конвенсия дар бораи ҳуқукҳои маъюбон ва дастрасии шахсони ношунавою нобино ба барномаҳои телевизионӣ, тадбирҳои андешидашуда барои ҳавасмандгардонӣ ва иштироки бештари маъюбон дар чорабиниҳои варзишӣ ибрози назар карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни аъзоёни гуруҳи кории доимоамалкунанда ва даъватшудагон саволу ҷавоб ва муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ сурт гирифт.
Гулова С.
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ