Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло доир гардид.
Дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, масъалаҳо оид ба таҷрибаи татбиқи ислоҳоти соҳа, татбиқи қонунгузорӣ дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таъмини риоя ва иҷрои дақиқи қонунгузории соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа роҳбарону намояндагони вазорату кумитаҳо, мақомоти қудратӣ, идораҳо, роҳбарони 23 мақомоти санҷишӣ, шарикони рушд, ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Зимни суханрониҳо иштирокдорон қайд карданд, ки дар раванди идомаи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар доираи Қонун шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 ба 23 мақомот кам гардида, тамоюли устувори давра ба давра кам шудани миқдори санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба миён омадааст.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, оид ба таъмини риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, дахолати беасоси масъулини мақомоти назоративу санҷишӣ ба фаъолияти хочагидории сармоягузорону соҳибкорон суханронӣ карда, ҳисоботҳои роҳбарони мақомоти санҷишӣ шунида шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ дар робита ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хочагидор", Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хочагидор Номгӯи меъёрҳои арзёбии дарачаи таваккали мақомоти санҷишӣ, Номгӯи масъалаҳои назоратӣ ва Нақшаи гузаронидани санҷишҳо барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ