Ифтитоҳи даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар н.Сино
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан ибтикори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25-уми ноябри соли 2024 “Дар бораи баргузор намудани озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Сино даври ноҳиявии озмун оғоз гардид.
Дар оғоз намояндагони МИҲД ноҳияи Сино зикр намуданд, ки мақсад аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба истиқлоли давлатӣ, сулҳ ва ризояти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки иштирокчиёни озмун тибқи талаботи низомномаи баргузории озмун ба 3-гурӯҳ ҷудо мешаванд. Аз ҷумла: - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ; - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, - хизматчиёни давлатӣ ва оммаи мардум.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ба маҳорату дониши иштирокчиёни озмун олимону донишмандон ва масъулини ноҳияи Сино баҳогузорӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки ғолибони даври ноҳиявии озмун бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Дар маҷмуъ зиёда аз 550 нафар дар ин даври озмун фаъолона ширкат намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ