Дар рӯзи дуюми даврии шаҳрии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» ҳайати комисияи аз китобхонаҳои ноҳияи И.Сомонӣ дидан карданд
Дар рӯзи дуюми даврии шаҳрии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» ҳайати комисияи озмун аз китобхонаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки дар даври ноҳиявӣ ғолиб омада буданд, дидан карданд.
Сараввал аъзои ҳакамон аз китобхонаи идоравии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.
Тавре ба ҳайати комиссияи даври шаҳрии озмун иттилоъ дода шуд, ҳамчун муассисаи фаъоли ноҳия дар озмуни Китобхонаи беҳтарин-китобхонаи Филлиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ламоносов дар шаҳри Душанбе иштирок кард.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҳайати коммисияи озмун аз толори китобхонаҳо, толорҳои хониш, ҷойи нишаст ва рахту ҷевонҳои китобҳо, ороишоту гӯшаҳои махсуси китобхонаҳои Донишгоҳи славиянии Россия ва Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоли Сомонӣ ва дигар китобхонаҳои ғолиб дидан карда дар асоси талаботи низомномаи озмун баҳогузорӣ намуданд.
Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст.
Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ