image

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

date_range26.12.2024, 08:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye82

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Илҳом Гейдарович,

Хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷонро дар наздикиҳои фурӯдгоҳи шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, бо ҳиссиёти ҳамдардӣ ва андӯҳи амиқ дарёфтам.

Таъзияву таслияти инҷонибро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».