image

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Нақши институтҳои иҷтимоӣ дар ташаккули нерӯи инсонӣ” дар Академияи идоракунии давлатӣ

date_range26.12.2024, 10:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye30

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши институтҳои иҷтимоӣ дар ташаккули нерӯи инсонӣ” баргузор гардид.

Дар кори конфронс роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва ходимони давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсади конфронси мазкур муҳокимаи тамоюлҳои бунёдӣ ва тағйирёбии ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ, омилҳои рушди устувори ҷамъиятӣ, меъёрҳои самаранокии неруи инсонӣ, механизмҳои танзими иҷтимоӣ ва нақши сиёсати давлатии ҷавонон дар ин раванд ба шумор мераванд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, доир ба нақши танзимкунандагии ниҳодҳои иҷтимоӣ ва мубрамияти масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён дар мавзӯҳои «Татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди нерӯи инсонӣ» ва «Инъикоси масъалаҳои маориф дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

Кори конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ду қисмат идома ёфта, дар бахши дуюм мутахассисону муҳаққиқон роҷеъ ба масъалаҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ ва нақши онҳо дар ташаккули неруи инсонӣ андешаҳои худро изҳор доштанд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"