image

Маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

date_range26.12.2024, 10:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye52

Дар толори Муассисаи давлатии таълимии Мактаби баччагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор роҳандозӣ гардид, ки дар ҷараёни он ғолибон бо медалу диплом ва сипоснмаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарияти “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, меҳмонону волидайн ва ғолибони олимпиадаҳо ҳузур доштанд.

Дар оғоз масъулин зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузории озмуну Олимпиадаҳои мазкур баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, дарёфт намудани хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳниву эҷодии онҳо ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки ҷиҳати баргузории озмуну Олимпиадаҳои фаннӣ дар ҳудуди ноҳия нақши шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” хеле назаррас буда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор кардани олимпиадаҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Сипас маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи номинатсияи даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти умумии дар самти ҳаракати олимпӣ оғоз гардид, ки Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, Муассисаи таълими хусусии “Ҳоризон”, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54, Муассисаи таълими хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ», Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 тақдим карда шуд.

Дар идомаи маросими ҳавасмандгардонӣ ғолибони даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024” дар ноҳияи Сино ва ғолибони панҷкаратаи даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаҳои фаннӣ-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 11) бо Диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ғолибони панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти типи нави дар ҳаракати олимпӣ фаъоли ноҳия низ дар соли 2024 қадрдонӣ гардиданд.

Дар интиҳои маросими мазкур барномаи фарҳангӣ барои хотиболии ҳозирин ба намоиш кашида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ 207 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардиданд, ки дар ин рӯз ба ҳама ҳамаи онҳо медалҳо тақдим шуд. Дар чорабинӣ ҳамзамон ғолибони панҷкаратаи даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ, ғолибонии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” “Тоҷикистон, Ватани азизи ман” ва гирандагонии стипендияи Раиси ноҳия, Раиси шаҳри Душанбе ва гирандагони Стипендияи Президентӣ низ иштирок намуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"