Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2024” баргузор гардид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2024” баргузор гардид. Ҳамасола бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” доир мегардад ва мақсади баргузории озмуни мазкур дарёфти беҳтарин китобҳои сол, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар мегиранд, дониста мешавад.
Дар маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2024” роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, аҳли илм ва адабу фарҳанг, иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.
Маврид ба зикр аст, китобҳое, ки аз тарафи муаллифон дар чопхонаҳои кишвар дар соли 2024 ба нашр расида, ҷиҳати ширкат дар озмуни “Китоби сол-2024” ба Вазорати фарҳанг пешниҳод гардидаанд, қабл аз натиҷагирӣ барои омӯзиш, баррасӣ ва баҳогузорӣ ба ҳайати ҳакамон пешниҳод шудаанд. Ба Озмуни “Китоби сол-2024” аз тарафи муаллифон ва ноширон 55 китоби тозанашри бадеии назмиву насрӣ, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷума ироа гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки озмун аз руи номинатсияҳои Китоби назмӣ, Китоби насрӣ, Китоби публитсистӣ, назми бачагона, насри бачагона, тарҷумаи бадеӣ гузаронида шуд. Дар ҳар номинатсия 3 нафар ғолиб бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин як қатор муаллифон, ки китобҳои ба озмун пешниҳодкардаашон аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва сифати нашр дар сатҳи хуб қарор доштанд, бо сипосномаи Кумитаи тадорукоти Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2024” сарфароз гардиданд.
Китобҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ва “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардиданд. Ношири китобҳои мазкур нашриёти Ирфон ва ҶДММ “Бебок” ношири китобҳои мазкур буда, онҳоро бо сифати хеле баланд нашр кардаанд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ