image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

date_range27.12.2024, 11:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye35
27 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи Шӯро 29 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо» ва «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ»-ро, ки дар шакли мукаммал қабул гардидаанд, баррасӣ намуданд.
Дар идомаи ҷаласа, ҳамчунин, як қатор санадҳои қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигарҳо мавриди муҳокимаи аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ қарор гирифтанд.
Тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшарофи Дилбар ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сӯҳроб қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардида, бо тартиби муқараргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.
Сипас, гузориши муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалисозии Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, шунида шуда, аз рӯи он қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардид.
Дар фарҷом доир ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор, шумораи ниҳоии кормандон, басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2025» гузориши роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Худи ҳамин рӯз, ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда, баргузор гардид.
Аъзои Шӯро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шӯроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рӯзномаи ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба баррасии ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки 28 декабр дар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа мегардад.