Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ бо иштироки кормандон ва фаъолони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва инчунин роҳбарият ва кормандони МД “Телевизиони Душанбе” ва кормандони Театр тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки доираи васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба роҳ монда шуд.
Воқеан, тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар қабл аз ҳама шаҳодати ихлосмандии тоҷикону тоҷикистониён нисбат ба Пешвои муаззами миллат миллат мебошад. Зеро, хурду калон, марду зан, коргару роҳбар пайваста кӯшиш менамоянд, то аз дастовардҳои солонаи кишвари азизамон бохабар бошанд.
Паём - ин таҳлили фаъолияти дастаҷамъонаи давлату Ҳукумат дар як сол зери ҳидоятҳои Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.
Паёми Пешвои миллат, ки ҳуҷҷати сарнавиштсозу таърихӣ, дастури корӣ ва рӯйимизии ҳар як идораву муассиса ва сокини кишвар ба ҳисоб меравад, барои замина гузоштан дар самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои беҳтарин ба суйи ҳаёти осиштаи ҳар фарди бонангу номус мебошад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ