image

"Паём роҳнамои татбиқи ғояҳои низоми давлатдории миллӣ” таҳти чунин унвон ҳамоиши ҳизбиён баргузор шуд

date_range30.12.2024, 15:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye32

“Паём роҳнамои татбиқи ғояҳои низоми давлатдории миллӣ” таҳти чунин унвон бо ибтикори КИ Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиён баргузор шуд. Дар ҳамоиши навбати Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, муовини аввали Раиси КИМ ҲХДТ ва дигар нафарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши ҳизбиёнро нахуст Муовини якуми Раиси ҲХДТ ифтитоҳ карда қайд намуд, ки чун анъана ҳамасола Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.

Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлӯҳои сиёсати дохилию хориҷии давлатро бо самтҳои рушду инкишофи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, роҳу нақлиёт, маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро таҳлил намуда, ҳамзамон онҳоро бо нишондиҳандаҳои қиёсии назаррас баҳогузорӣ карда пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад, то “дар кишвар барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам оварда шавад”.

Қайд гардид, ки дар соҳаи саноат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар идома дигарон ба сухан баромада иброз доштанд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвармон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун китоби руимизии худ қарор дода, ҳар як сухани сарвари давлатамонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор медиҳем ва ҳама дастаҷамъона чӣ пиру чӣ барно паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар истода, бо ҳисси ватандӯстӣ, бо ҳисси ифтихор аз Ватани озоду соҳибистилолу дунявӣ ва демократии хеш, бо ҳисси гиромидошти таърих, Фарҳанг, забону адабиёти бою ғании миллати худ баҳри ободкории ин Ватани азиз-Тоҷикистони биҳиштосо, баҳри рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ, баҳри ҷо кардани меҳру муҳаббат дар қалб ва вуҷуди ҷавонони тоҷик барои омӯхтани илму маърифат ва аз худ кардани касбҳои гуногуни муосир тамоми қувва, тамоми талош ва заҳмати худро дареғ намедорем.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"