image

Ғолибони даври ноҳиявии озмуни даставии «Ҷилои дониш» қадрдонӣ гардиданд

date_range13.01.2025, 11:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye57

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории озмуни ноҳиявии «Ҷилои дониш» дар соли 2025 миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни даставии «Ҷилои дониш» роҳабарияти ноҳия, масъулини шуъбаи маориф, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино ва маорифчиёну хонандагон иштирок намуданд.

Масъулин ғолибони озмунро ба ифтихори сазовор гардиданашон ба ҷойҳои ифтихорӣ шодбош гуфтанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки «Ҷилои дониш» яке аз озмунҳои сатҳи баланд мебошад, ки дар раванди он ҷамъбаст ва натиҷагирии кори дастаҳо тариқи системаи худкор (автоматикунонидашуда) сурат гирифта, ба таври кушода натиҷагирӣ карда шуд. Дар ин самт мутахассисон ва коршиносони шуъбаи маориф ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ғолибонро муайян карданд.

Озмун аз рӯи се номинатсия - Беҳтарин дастаҳои фаннии фаъол дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни даставии «Ҷилои дониш» миёни муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Сино дар соли 2025, номинтасияи Беҳтарин дастаҳои синфҳои фаъол дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни даставии «Ҷилои дониш» миёни муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Сино дар соли 2025, номинатсияи даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти умуми ноҳияи Сино дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни даставии «Ҷилои дониш» дар соли 2025 баргузор гардида, ғолибон ва фаъолон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни «Ҷилои дониш» пеш аз ҳама дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас, татбиқи барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ноҳия ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мебошад.

Раупова Меҳринисо
"ТВ Душанбе"