image

Баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

date_range13.01.2025, 11:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye42

Бо ҷонибдорӣ аз даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабзу хуррам табдил додани шаҳри Душанбе кормандон ва масъулини зерсохторҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар майдони МД "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал" беш аз 400 ниҳоли дарахтони ороишӣ шинониданд.

Бояд гуфт, ки иқдоми сарсабзу хуррамгардонии гушаву канори шаҳри Душанбе минбаъд низ аз ҷониби масъулин идома дода шуда, аз ҷониби кормандону масъулини зертобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар дигар мавзеъу маконҳои барои шинонидани дарахтон мусоид тадбирҳои ободкориро идома хоҳанд дод.

Ҳамчунин бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин рӯз ба хотири таъмини муҳити тозаи экологӣ маорифчиёни ноҳия дар минтақаҳои муайянгардида дарахту ниҳолони ҳамешасбаз шинониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бунёди мавзеъҳои сабзазор ва шинонидани навъҳои гуногуни дарахтони ороишию ҳамешасабз аз ҷониби маорифчиёни ноҳия ҳамасола роҳандозӣ карда мешавад.

Ба иттилои олимони соҳаи ҳаво айни замон барои шинонидани дарахтони ороришиву ҳамешасабз мусоид аст. Аз ин рӯ ҳоло дар гӯшаву канори шаҳр кормандони соҳаи маориф машғули шинонидани дарахтони ороишӣ мебошанд.

Раупова Меҳринисо
"ТВ Душанбе"