Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» қадрдонӣ шуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ», ки дар робита ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, муайян ва қадрдонӣ шуданд.
Дар чорабинии марбут ба соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Ализода Зариф, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар ва дигар намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ширкатдорон дар робита ба муҳиммият ва зарурати эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 эълон гардид.
Зикр шуд, ки дар робита ба Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» ба Кумитаи тадорукот 98 мавод пешниҳод гардид. Маводи ба озмун пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ғолибон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бо маблағҳои гуногун қадрдонӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки ғолибон аз рӯи се номинатсия: беҳтарин китоби илмӣ, беҳтарин мақолаи илмӣ ва беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ муайян шуданд.
Дар самти БЕҲТАРИН КИТОБИ ИЛМӢ Шарофзода Рустам Шароф – профессори кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, сазовори ҷойи якум; Соҳибзода Муҳаммадҷон Муҳаммадалӣ – муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм; Сангинзод Дониёр Шоҳмаҳмад – профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ҷойи сеюм ва Сангинов Комрон Шоҳмаҳмадович – корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюм гардиданд.
Дар бахши БЕҲТАРИН МАҚОЛАИ ИЛМӢ Ҳақназар Имомназар - ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Институти илмҳои гуманитарии АМИТ ба ҷойи якум, Маҳмудов Иззатулло Тешаевич - мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ҷойи дуюм, Камолзода Илҳом Икром – дотсенти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд.
Аз рӯи самти БЕҲТАРИН МАҚОЛАИ ИЛМИЮ ОММАВӢ Ёдгори Субҳон – омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқи Муассисаи ТМУ №18 дар шаҳри Исфара ба ҷойи якум, Қурбонова Ширин - корманди АМИТ, ҷойи дуюм ва Далери Абдулло - муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” ба ҷойи сеюм мансуб дониста шуданд.
Сипас бахши фарҳангии чорабинӣ, ки ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ бо сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ омода намуда буданд, пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ