image

Дар Боғи Ғалабаи пойтахт зери унвони "Ин Ватанро сабзу хуррам мегардонем" шумораи зиёди дарахтони ҳамешасабз ва ороиширо шинониданд

date_range20.01.2025, 11:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye41

Баҳри амалӣ намудани ташаббусу иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои сарсабзу хуррамгардонидании ҳар як гушаи диёр ва дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва густариши корҳои ободонию созандагӣ, кормандони масъули Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, сохторҳои ҳизб дар пойтахт, аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва намояндагони кумитаю ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар МД "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал" зери унвони "Ин Ватанро сабзу хуррам мегардонем" шумораи зиёди дарахтони ҳамешасабз ва ороиширо шинониданд.

Дар раванди ниҳолшинонӣ ба интихоби навъҳои арча ва дарахтон бо назардошти хусусияти зебоибахшӣ ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ таваҷҷуҳи бештар дода шуд, зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи арчаҳои ҳамешасабз мебошад.

Зимни шинонидани арчаҳои ҳамешасабз масъулин иброз доштанд, ки ниҳолшинонӣ аз шумули анъанаҳои неки мардуми сарбаланди тоҷик аст, ки дар гузашта ҳам яке аз рукнҳои муҳими анъанаҳои миллии мо маҳсуб меёфт ва дар қалби кӯдакону наврасон ҳисси баланди зебоипарастиро талқину ташвиқ менамуд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур имрӯз шурӯъ гардида, то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ идома меёбад ва дар доираи ин тасмим теъдоди зиёди арчаҳои ҳамешасабз ва дарахтони дигар дар тамоми қаламрави кишвар шинонида мешавад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"