Ҷамъбасти курси омӯзишии роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҷамъбаст ва қадрдонии курси омӯзишии роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти Созмони хонандагон дар таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе мунтазам чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешавад. Зимни тадбири навбатӣ иттилоъ дода шуд, ки курси мазкур дар доираи нақша — чорабиниҳои Шурои шаҳрии Созмони хонандагон аз 8 то 17 январ бахшида ба 25 солагии Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Шурои шаҳрӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар курси мазкур 96 нафар роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ширкат варзиданд.
Дар идомаи баромади масъулин гуфта шуд, ки мақсад аз роҳандозии курси мазкур, пеш аз ҳама дастгирӣ ва роҳбаладии роҳбарони Созмони хонандагон ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти Созмон, ҳуҷҷату ҳуҷҷатнигорӣ, тартиби баргузории озмуну чорабиниҳои сатҳи муассисавӣ то мақоми байналмилалӣ, методикаи ҷалби кӯдакону наврасон ба маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи ватнадӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ маҳсуб меёбад.
Дар идома аз ҷониби масъулини Шурои шаҳрии Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе — роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» иштирокчиёни тадбири омӯзишӣ бо сертификати хатми курси мазкур сарфароз карда шуданд.
Бояд гуфт, ки Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ аз 26 феврали соли 2000 инҷониб фаъолияти назаррасро ба роҳ монда, имсол дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ 25 солагии он қайд карда мешавад.
Дар охир баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» — и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ